ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ СИРК

Муасиссаи давлатии «Сирки давлатии Тоҷикистон»

Санъати сиркии тоҷик реша дар таърих дорад, он аз ҳунару санъати сиркбозони худомӯз дар боғу майдону бозорҳо, аз базму хурсандиҳо, аз театрҳои халқӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ сарчашма гирифтааст.

Сирки муосири тоҷик зодаи Инқилоби Октябр аст. Он роҳи дароз ва пуршарафро паймудааст. 2 июни соли 1929 Комиссариати халқии меҳнати ҷумҳурӣ аз ҷумлаи беҳтарин сиркбозони касбӣ, ки ба Тоҷикистон ба сафари ҳунарӣ омада буданд, аввалин дастаи/коллективи сиркиро ташкил кард.

17 июни соли 1934 аввалин Сирки давлатии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кард. Бинои нави сирк, ки бо барқу об таъмин буд, 2 апрели соли 1935 ба истифода дода шуд. Акнун сиркбозон имкон доштанд дар ҳар мавсим барномаҳои сиркиро ба саҳна гузоранд.

12 сентябри соли 1967 аввалин маротиба дар таърих дар асоси қарори Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон Сирки миллии тоҷик ташкил карда шуд. Дар назди сирк студияи махсуси сиркӣ таъсис ёфт ва барои таълиму тарбияи сиркбозони оянда беҳтарин устодони санъати сиркӣ даъват карда шуданд. Соли 1970 як гурӯҳ сиркбозони тоҷик ба Кемерово ва гурӯҳи дигар ба Белоруссия ба сафари ҳунарӣ рафтанд ва аз тарафи тамошобинон хуш қабул карда шуданд.

Ин гуна сафарҳо ба ҳукми анъана даромаданд. Сиркбозони тоҷик қариб се сол дар назди сокинони Ленинград (Санкт-Петербург), Киев, Харков, Владимир, диловарони заминҳои навкорами Қазоқистон, металлургҳои Урал ва моҳидорони Шарқи Дур баромад карданд. Онҳо инчунин берун аз Иттиҳоди Шӯравӣ – дар Чехосовакия, Полша, Муғулистон ва ШМА санъати сирки тоҷикро намоиш доданд.

Шуҳрати сирки тоҷикро ба назар гирифта Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи сохтани бинои нави Сирки давлатии Душанбе қарор қабул кард. Бинои наву муҳташами сирки имрӯз 22 декабри соли 1977 ба истифода дода шуд. Сирки тоҷик дар даврони шӯравӣ дар миёни сиркҳои иттифоқ мавқеи намоён ва устувор дошт. Дар он солҳо дар сирки тоҷик бисёр ҳунармандони варзида ба камол расида, сирки тоҷикро маъруфу машҳур карданд.

Сирки даврони истиқлол идомаи сирки аҳди шӯравист. Мутаассифона, дар солҳои аввали мустақилият бинобар нооромиҳои кишвар сирк муддате аз рушду пешрафт бозмонд, ҳунармандон пароканда шуданд, вале бо расидани паёми сулҳу субот сирк дубора аз нав эҳё гашт.

Дар эҳё ва пойдории сирк қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон асари бориз гузоштанд ва ҳамчун раҳнамо хидмат карданд. Дар назди сирк аз нав Студияи ҳунарҳои сиркӣ таъсис ёфт, ки дар парвириши сиркбозони ҷавон нақши азим дорад. Дар ин студия то имрӯз беш аз 75 нафар кӯдакону наврасону ҷовонони чолоку нотарсу боиродат тарбият ёфта ба камол расиданд.

Сиркбозони ҷавон, аз ҷумла дастпарварони студия мунтазам дар фестивалҳои байналмилалӣ ширкат меварзанд ва соҳиби ҷоизаҳо мегарданд. Сиркбозони тоҷик имрӯз дар Хитой, Олмон, Малазия ва як қатор кишварҳои хориҷӣ ҳунарнамоӣ мекунанд.

Сирки тоҷик аз суннату анъанаҳои дирӯз ва имрӯзи халқ ва дастовардҳои сиркҳои ҷаҳон эҷодкорона баҳра мебарад, бо бисёр сиркҳои кишварҳои пасошӯравӣ ва хориҷӣ ҳамкорӣ ва равобити фарҳангӣ дорад. Сирки тоҷик тайи солҳои истиқлолият сиркҳои кишварҳои ҳамсоя ва ҷаҳонро дар Душанбеи гулборон, дар саҳнаи Сирки давлатии Тоҷикистон гарм истиқбол гирифтааст.

Танҳо сиркҳои Россия, монанди сирк дар хиёбони Вернадский, сирк дар рӯи об, сирк дар болои ях, сирки паканаҳо (лилепутҳо), сирки ба номи Ю. Никулин борҳо ба Тоҷикистон омаданд ва санъату ҳунари хешро ба тамошобинони тоҷик намоиш доданд. Кам ё беш ҳафтод сол ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ ба ҳукми бародар буданд, он ҳамзистии осоишта аз ёду хотирҳо нарафтааст.

Ба хотири тамдиду пойдории он рафоқату дӯстӣ сиркҳои Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ду маротиба дастаҳои мунтахаб таъсис дода, барномаҳои муштараки сиркиро манзури бинандаи тоҷик намуданд. Тамошобини тоҷик аз санъату ҳунари сиркбозони Хитой, Полша, Италия ва як қатор кишвари дигар баҳра бурдааст ва солҳо дар хотир нигоҳ хоҳад дошт.

Сирки давлатии Тоҷикистон дар ҷаҳони бекарони сиркҳо сабку услубу шеваи хоси худро пайдо кардааст, жанрҳои сиркиро дар заминаи суннатҳои миллӣ равнақ медиҳад, сол аз сол рушд меёбад, имрӯз ва рӯзҳои дигар, имсол ва солҳои дигар низ хурду бузург, ба вижа кӯдакону наврасонро ба сӯи худ мехонад, дар дилҳои ҷавон сурур меангезад, хотирашонро болида мегардонад. Сирки давлатии Тоҷикистонро комёбӣ, парвози дуртар ва баландтар дар пеш аст!

circusdushanbe.tj